Дар 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта қариб ду баробар бештар тухм истеҳсол карда шуд

           Душанбе. 21 ноября. «Азия-Плюс» – Дар 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 67 млн. дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст. Ин рақам дар соли гузашта ба 37 млн. дона баробар буд.          Тавре муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сиҷоуддин Исроилов дар нишасти матбуотӣ хабар […]

Мавҷуда Ҳасанова


           Душанбе. 21 ноября. «Азия-Плюс» – Дар 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 67 млн. дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст. Ин рақам дар соли гузашта ба 37 млн. дона баробар буд.





        

Тавре муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сиҷоуддин Исроилов дар нишасти матбуотӣ хабар дод, дар зарфи якуним соли ахир фаъолияти қариб ҳамаи корхонаҳои паррандапарварӣ барқарор гардида, заминҳои ба онҳо тааллуқдошта баргардонида шудааст ва доир ба таъмини корхонаҳо бо хӯрок барои парранда ва нерӯи барқ тадбирҳо андешида шудаанд. «Аз ин рӯ, раҳбарони корхонаҳо оид ба афзоиши истеҳсолот ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд», – гуфт ӯ.




        

Муовини вазир зикр кард, ки феълан саршумори мурғ дар корхонаҳои ҷумҳурӣ ба 1 млн. расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 489 ҳазору 451 сар бештар аст.




        

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, айни замон дар кишвар 18 корхонаи паррандапарварӣ амал мекунанд ва то ахири сол ба истифода додани боз ду корхона дар назар аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.