Ҳеҷ кадоме аз масҷидҳои ҷануби кишвар бима нашудаанд

Ҳеҷ кадоме аз зиёда аз 600 иншооти баргузории маросими динӣ дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб аз рӯйи ягон навъ бима (суғурта) нашудаанд. Роҳбари филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Нуриддин Абдуллоев зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ҳангоми муроҷиат ба масоҷид ва дигар иншооти баргузории маросими динӣ дар […]

Турко Дикаев


Ҳеҷ кадоме аз зиёда аз 600 иншооти баргузории маросими динӣ дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб аз рӯйи ягон навъ бима (суғурта) нашудаанд.

Роҳбари филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Нуриддин Абдуллоев зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ҳангоми муроҷиат ба масоҷид ва дигар иншооти баргузории маросими динӣ дар бораи бастани қарордоди бима як сабаб пеш оварда мешавад, ки он ҳам камбуди маблағ аст.

Ба қавли ӯ, аҳолӣ низ ба бимаи манзили зисти худ шитоб надорад ва барои намуна аз вазъи обхезии ду сол қабл дар Кӯлоб ёдовар шуд.

«Ҳангоме ки садҳо манзилро сели пурдаҳшат хароб кард, маълум шуд, ки қариб ҳеҷ яке аз манзилҳо бима нашудааст ва мо наметавонистем талафоти манзили зисти осебдидагонро ҷуброн намоем», – иброз дошт вай ва афзуд, ки «Тоҷиксуғурта» аз ҳисоби маблағҳои худ барои аз офат осебдидагони Кӯлоб 12 адад манзили зист бунёд кард.

Н.Абуллоев бар ин назар аст, ки ба таҳдиди такрори сел низ аҳолӣ бепарво аст, зеро аз беш аз 130 ҳазор хонавода дар минтақа ҳамагӣ каме зиёдтар аз 12 ҳазор хонавода манзили худро бима кардаанд.

«Аз аҳолии 1 млн. нафараи минтақа ҳамагӣ 10% ба муомилоти бима ҷалб шудаанд, ки албатта, ин моро қаноатманд намесозад, вале дар нимсолаи аввали соли равон мо тамоми нақшаҳои пешбинишударо барзиёд иҷро намудем», – иброз дошт Н.Абдуллоев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.