Нохушнудии вазири тандурустӣ аз маводи «Азия-Плюс»

Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 4,1 ҳазор нафар гирифторони бемории Вируси норасоии масунияти одам ва Аломати пазируфтани норасоии масуният (ВИЧ/СПИД) ба қайд гирифта шудаанд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов. Вазир қайд кард, ки беш аз 3,5 ҳазор нафарони мубталои ин беморӣ таҳти назорати табибони дармонгоҳҳо қарор доранд. «Беш аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 4,1 ҳазор нафар гирифторони бемории Вируси норасоии масунияти одам ва Аломати пазируфтани норасоии масуният (ВИЧ/СПИД) ба қайд гирифта шудаанд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов.

Вазир қайд кард, ки беш аз 3,5 ҳазор нафарони мубталои ин беморӣ таҳти назорати табибони дармонгоҳҳо қарор доранд. «Беш аз 3,1 ҳазор нафари ин гуна беморонро мардон, 940 нафарашонро занон ва 45 нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи вазир, оид ба ҳар як ҳодисаи гирифторӣ ба бемории ВИЧ/СПИД таҳқиқот доир гардида, дар асоси он сарчашмаи гирифторӣ ба беморӣ ҷустуҷӯ мешавад. «Миёни кишварҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон сатҳи пасстарини гирифторӣ ба бемории ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шудааст, – гуфт ӯ. – Албатта, бемороне низ ҳастанд, ки аз ҷониби мо то ҳол ошкор нашудаанд, вале мо наметавонем, ки ҳамаро ба хунсупорӣ ҷиҳати муайн кардани ин беморӣ маҷбур созем, зеро ин кор ихтиёрӣ аст».

Дар ҳамин ҳол, вазири тандурустӣ аз нашри як силсила мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс» изҳори нохушнудӣ кард.

«Дар ин мавод табибон «қотилон дар хилъатҳои сафед» ном бурда шуда, чун дар замони ҷанг онҳо гӯё кадом як «фабрикаи марг» доштаанд, – гуфт ӯ дар ин робита. – Чунин мавод ба он оварда мерасонанд, ки эътимоди мардум аз табибон канда шуда, онҳо барои кӯмак ба табибони мардумӣ муроҷиат мекунанд. Мо ба ҳамкорӣ бо ҳафтавор ва таҳқиқи ҳар як ҳодисаи мубтало шудан ба ин беморӣ омодаем».

Н.Салимов таъкид кард, ки миёни табибон низ афроди гуногун фаъолият доранд ва бо хулоса аз фаъолияти як табиб қотил номидани тамоми пизишкон нодуруст аст. «Ҳеҷ кадоме аз табибон хоҳиши ба беморие гирифтор намудани маризашро надорад ва агар касе ба иштибоҳ роҳ дод, табиист, ки барои хунукназарӣ ҷазо хоҳад гирифт, аммо агар ҳодисаи ҳадафноки гирифтор кардан ба беморӣ мавҷуд бошад, пас ба ин бигзор мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғул шаванд», – афзуд вазири тандурустӣ.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.