Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон тавассути шаш бонк беш аз 37 млн. доллари ИМА маблағ интиқол дода шуд.
Раиси шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Сафаралӣ Саидов зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки дар ин давра ба бонкҳои минтақа 1,3 млрд. рубли русӣ ва 26,4 ҳазор Евро ворид шудааст.
Ба гуфтаи С.Саидов, аз нисф зиёди маблағҳои воридшуда тавассути шуъбаи ҶСК «Агроинвестбонк» интиқол дода шудааст, зеро ҳамкории ин бонк бо муҳоҷирони корӣ бештар муассиртар аст.
Дар ҳамин ҳол, соли равон дар минтақа ба маблағи умумии 9 млн. 555,9 сомонӣ пулҳои фарсудаву корношоям иваз карда шудаанд.



