Нигаронии фароҳамгарони интернети Тоҷикистон аз ҷорисозии сензура

Мақомоти раҳбарии Ассотсиатсияи фароҳамгарони интернети Тоҷикистон аз таъсиси як ниҳоди махсус аз ҷониби Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ, ки ба мониторинги маводи нашршуда дар шабакаи Интернет машғул хоҳад шуд, изҳори нигаронӣ мекунад. Раиси Асссотсиатсияи мазкур Парвина Ибодова дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки «ин маънои онро дорад, ки дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Мақомоти раҳбарии Ассотсиатсияи фароҳамгарони интернети Тоҷикистон аз таъсиси як ниҳоди махсус аз ҷониби Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ, ки ба мониторинги маводи нашршуда дар шабакаи Интернет машғул хоҳад шуд, изҳори нигаронӣ мекунад.

Раиси Асссотсиатсияи мазкур Парвина Ибодова дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки «ин маънои онро дорад, ки дар кишвари мо ба интернет сензура ҷорӣ мегардад».

Ташаббуси Хадамоти алоқаро ӯ ғайриқонунӣ мешуморад, зеро қонуни асосии кишвар ҷорисозии ҳама гуна навъи сензураро манъ кардааст.

«Сардори Хадамоти алоқа мегӯяд, ки ин гурӯҳ бо мақсади пешгирии туҳмату таҳқир нисбати мансабдорони воломақом таъсис дода мешавад, вале чунин амал танҳо пас аз қарори дахлдори суд метавонад сурат бигирад. Ғайр аз ин, чӣ гуна ҷавонони дорои маълумоти техникӣ метавонанд муайян кунанд, ки ин мавод ё шарҳ туҳмату таҳқир аст», – таъкид кард Ибодова.

Номбурда зикр кард, ки Хадамоти алоқа аз ширкатҳои фароҳамсози интернет дархост кардааст, ки ба ҳайати ин гурӯҳ мутахассисони худро сафарбар намоянд.

«Ман дар ин хусус бо тамоми аъзои Ассотсиатсияи фароҳамгарони Интернет суҳбат доштам. Хадамоти алоқа аз онҳо талаб кардааст, ки барои баргузории мониторинг дар ин гурӯҳ 1-2 нафр кормандонашонро сафарбар созанд. Аммо метавонам шуморо мутмаин соам, ки ба гурӯҳи мазкур ягон корманди узви Асссотсиатсия мо шомил нест», – гуфт ӯ.

Парвина Ибодова афзуд, ин гурӯҳ аллакай таъсис дода шуда, ҷаласаи нахустинашро ҳам баргузор намудааст. «Ман ҳанӯз се-чор моҳ қабл ҳангоми қатъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook аз таъсиси чунин гурӯҳ огаҳӣ доштам», – иброз дошт вай.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.