Ахири сол аҳолии Тоҷикистон ба 8 млн. нафар мерасад

Дар нишасти хабарӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии нуфус муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров изҳор кард, ки ахири соли равон аз таваллуди шаҳрванди 8-млн. нафараи Тоҷикистон интизорӣ меравад. Нишасти хабарии мазкур аз ҷониби UNFPA (Бунёди СММ оид ба нуфус) созмон дода шуда, дар он ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ, намояндаи доимии Барномаи […]

Валентина Кондрашова


Дар нишасти хабарӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии нуфус муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров изҳор кард, ки ахири соли равон аз таваллуди шаҳрванди 8-млн. нафараи Тоҷикистон интизорӣ меравад.

Нишасти хабарии мазкур аз ҷониби UNFPA (Бунёди СММ оид ба нуфус) созмон дода шуда, дар он ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар ҶТ ва намояндаи UNFPA дар Тоҷикистон Александр Зуев, намояндагони Агентии омор, Вазорати тандурустӣ ва дигар муассисаву ташкилотҳо иштирок карданд.

Ба гуфтаи Фақеров, шаҳрванди 8-млн. нафараи Тоҷикистон ахири соли равон ё дар семоҳаи аввали соли 2013 ба дунё меояд. «Вазъи солимии ҷомеа, банақшагирии оила ва ғайра бештар ба вазъи иқтисод вобаста буда, дар ҷумҳурӣ айни замон амалисозии Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ба итмом мерасад», – гуфт ӯ.

Ба қавли муовини вазир, аз рӯйи натоиҷи амалисозии стратегияи мазкур феълан сатҳи камбизоатӣ аз 80%-и солҳои пешин то ба 41% поин оварда шуд ва ин тамоили коҳиш идома дорад.

Номбурда гуфт, айни замон дар Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ таҳияи стратегияи нав оид ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум оғоз гардид. «Вазъи зиндагии ҳар як узви ҷомеа, оилаи ӯ, сатҳи дастрасӣ ба неъматҳои моддӣ ва дигар имтиёзҳо, пеш аз ҳама таъмини дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ аз ҷумлаи ҷанбаҳои асосии стратегияи нав маҳсуб меёбанд», – таъкид кард Фақеров.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.