Фаъолияти фурудгоҳи Қӯрғонтеппа қатъ шуд

Шурӯъ аз 1-уми июл фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа аз фаъолият бозмонда, қабули ҳавопаймоҳоро қатъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори фурудгоҳ Хушвақт Сафаров хабар дод, фаъолияти фурудгоҳ ба иллати оғози корҳои таъмири хатти парвоз, ки муддати 30 сол рӯйи таъмирро надидааст, қатъ шудааст. Сармуҳосиби фурудгоҳ Соҳибҷон Абдурасулов мегӯяд, мутобиқи лоиҳа, маблағи умумии хароҷоти корҳои азнавсозии […]

Сайраҳмон Назриев


Шурӯъ аз 1-уми июл фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа аз фаъолият бозмонда, қабули ҳавопаймоҳоро қатъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори фурудгоҳ Хушвақт Сафаров хабар дод, фаъолияти фурудгоҳ ба иллати оғози корҳои таъмири хатти парвоз, ки муддати 30 сол рӯйи таъмирро надидааст, қатъ шудааст.

Сармуҳосиби фурудгоҳ Соҳибҷон Абдурасулов мегӯяд, мутобиқи лоиҳа, маблағи умумии хароҷоти корҳои азнавсозии пурраи фурудгоҳ 55 млн. доллар ИМА-ро ташкил медиҳанд.

«Айни замон танҳо барои таъмири хатти парвоз ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба мо 10 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард, – гуфт ӯ. – Мо дар ин хусус ба ҳукумат муроҷиат кардем, вале аз ҳукумат посух гуфтанд, ки ба маблағгузорӣ барои ин корҳо танҳо дар соли 2015 имкон пайдо мешавад».

Абдурасулов гуфт, чанде аз соҳибкорони маҳаллӣ изҳор кардаанд, ки барои кӯмак дар азнавсозии толори пазироии фурудгоҳ омодаанд.

Сармуҳосиб изҳор кард, ки аз 1-уми июл ширкати ҳамкори фурудгоҳ «Мутриба» аз анҷом додани парвозҳо даст кашид ва ин ҳам яке аз сабабҳои қатъи фаъолияти фурудгоҳ мебошад. «Агар ширкатҳое пайдо шаванд, ки парвози ҳавопаймоҳоро ба фурудгоҳи мо таъмин карда тавонанд, мо ба қабули ҳавопаймоҳо омода буда, метавонем корро идома диҳем», – гуфт ӯ.

Ба қавли Абдурасулов, феълан фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ба қабули ҳавопаймоҳои навъи миёна ба монади Боинг-500 қодир аст. «Масофаи хатти парвози фурудгоҳ 2 километру 485 метрро ташкил медиҳад ва мо ният дорем, ки онро то 3 километр дароз кунем, то ки дигар навъҳои ҳавопаймоҳоро ҳам қабул намоем», – гуфт сармуҳосиб.

Абдурасулов ҳамчунин зикр кард, ки дар робита ба қатъи фаъолият, аз 172 мутахассиси фурудгоҳ беш аз 60 нафарашон ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.