Британияи Кабир дар Тоҷикистон сафири нав таъин намуд

Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории Regnum бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Британияи Кабир иттилоъ медиҳад, ки ин кишвар дар Тоҷикистон сафири нави давлаташро таъин намудааст. Тревор Чарлз Мур сафири нави Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Сафири тозатаъин аз моҳи январи соли 2009 ба иҷрои ваколатҳои худ шурӯъ мекунад. Сафири кунунии […]

Виктория Наумова


Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории


Regnum


бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Британияи Кабир иттилоъ медиҳад, ки ин кишвар дар Тоҷикистон сафири нави давлаташро таъин намудааст.




Тревор Чарлз Мур сафири нави Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Сафири тозатаъин аз моҳи январи соли 2009 ба иҷрои ваколатҳои худ шурӯъ мекунад. Сафири кунунии Британия дар Тоҷикистон Грэм Лотен моҳи июли соли 2004 ба ин вазифа таъин гардида буд.



Дар сафорати Британияи Кабир ин хабарро тасдиқ карданд ва афзуданд, ки феълан ин масъала бо ҷониби Тоҷикистон низ мувофиқа карда шудааст.



Тревор Чарлз Мур аз соли 1980 ба ҳайси дипломат фаъолият мекунад. Дар давоми фаъолият ӯ ба ҳайси корманди сафорати Британия дар Белград, Ню-Йорк, Вашингтон, кишварҳои Африқо, Барномаи кӯмаки техникии Британия ба Русия, котиби аввали сафорат дар Вена, муовини роҳбари департаменти Вазорати умури хориҷӣ дар Амрикои Лотин ва дигар мансабҳои дипломатии кишвараш ифои вазифа кардааст. Оиладор буда, соҳиби се писар аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Табрикот ба муносибати 30-солагии таъсисёбии мо идома дорад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.