Р.Зойиров ба ҳайси коршиноси сиёсати минтақавӣ дар Кӯлоб мизи мудаввар доир сохт

            Кӯлоб. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Кӯлоб Маркази ҷумҳуриявии таълими иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушд мизи мудаввар доир намуд.             Тавре коршиноси марказ, сиёсатмадор Раҳматилло Зойиров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мизи мудаввар дар доираи татбиқи лоиҳаи «Сиёсати минтақавӣ чун қисми стратегияи миллии рушд» баргузор гашта, он аз ҷониби Идораи рушду ҳамкории […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Кӯлоб Маркази ҷумҳуриявии таълими иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушд мизи мудаввар доир намуд.





           

Тавре коршиноси марказ, сиёсатмадор Раҳматилло Зойиров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мизи мудаввар дар доираи татбиқи лоиҳаи «Сиёсати минтақавӣ чун қисми стратегияи миллии рушд» баргузор гашта, он аз ҷониби Идораи рушду ҳамкории Швейтсария (


SDC


) маблағгузорӣ карда мешавад.




           

Ба қавли Р.Зойиров, «бо оғози роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ, ҷумҳурӣ ба мушкилоти афзоиши тафриқаандозии минтақаҳо дучор гаштааст».




           

Коршинос зикр кард, ки сиёсати мавҷудаи давлатии иқтисодӣ ба бартараф сохтани фарқиятҳои минтақавӣ ва масъалаи танзими давлатии рушди минтақаҳо таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намесозад, ҳарчанд ин мушкилот яке аз мушкилоти умда аст.




           

Р.Зойиров андешаи худро чунин шарҳ дод, ки иқтисоди Тоҷикистон фарогири минтақаҳои зиёдест ва амалисозии сиёсати минтақавии макроиқтисодӣ, ки ба ҳалли мушкилоти тафриқаандозии фазои иқтисодӣ нигаронида шудааст, хеле муҳим аст. Дар мизи мудаввар намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва ВАО иштирок карданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.