Бонки рушди Осиё ҷиҳати таҷдиди низоми барқтақсимкуни нерӯгоҳи Норак $54,77 млн. бурс ҷудо мекунад

            Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мусоидати Бонки рушди Осиё (БРО), иншоот ва таҷҳизоти кӯҳнаву фарсудашудаи низоми барқтақсимкуни нерӯи барқи Тоҷикистон, ки таҳти хавфи харобӣ қарор доранд, таҷдиду барқарор хоҳанд шуд.             Тавре корманди маъмурият ва танзимгар оид ба робитаҳои хориҷии намояндагии бонк дар Тоҷикистон Татяна Евстифеева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар […]

Баҳром Маннонов



           

Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мусоидати Бонки рушди Осиё (БРО), иншоот ва таҷҳизоти кӯҳнаву фарсудашудаи низоми барқтақсимкуни нерӯи барқи Тоҷикистон, ки таҳти хавфи харобӣ қарор доранд, таҷдиду барқарор хоҳанд шуд.





           

Тавре корманди маъмурият ва танзимгар оид ба робитаҳои хориҷии намояндагии бонк дар Тоҷикистон Татяна Евстифеева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар нерӯгоҳи барқии «Норак» ду дастгоҳи тақсимоти нерӯи барқ ҳанӯз 30 сол қабл насб шуда, айни замон кӯҳнаву фарсуда шудаанд ва минбаъд қодир нестанд, ки тақсими мунтазами барқро таъмин созанд. «Ҳамзамон маҳалли ҷойгиршавии баъзе дастгоҳу таҷҳизот аз ҷиҳати таркиби хоки замин номусоид аст ва хавфи хароб гаштан дорад», – гуфт манбаъ.




           

Ба гуфтаи ӯ, Бонки рушди Осиё ҷиҳати таҷдиди низоми барқтақсимкуни нерӯгоҳи Норак $54,77 млн. бурс ҷудо мекунад. «Воситаҳои мазкур барои иваз намудани дастгоҳҳо истифода гардида, гузашта аз ин ин дастгоҳҳо ба макони бехавф низ кӯчонида мешаванд», – гуфт Т.Евстифеева.




           

Зикр гардид, ки ҷиҳати амалисозии лоиҳа ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Барқи тоҷик» $1,2 млн. маблағ ҷудо мекунанд.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.