Дар Тоҷикистон ҳамагӣ камтар аз 1 фоизи аҳолӣ ба Интернет дастрасӣ дорад

Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази иттилооти Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ камтар аз 1 фоизи аҳолӣ ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд. Дар ин бора дар мулоқоти дурӯзаи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок гузориш дода шуд. Дар гузориши комиссия ба ҳозирин маълумот дода шуд, […]

Виктория Наумова


Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази иттилооти Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ камтар аз 1 фоизи аҳолӣ ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд. Дар ин бора дар мулоқоти дурӯзаи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок гузориш дода шуд.




Дар гузориши комиссия ба ҳозирин маълумот дода шуд, ки дар Зеландияи Нав, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Сингапур ва Малайзия аз шабакаи ҷаҳонии Интернет 50-80 фоизи аҳолӣ истифода мебарад, вале дар Тоҷикистон, Мянма, Камбоҷа ва Бангладеш ин нишондиҳанда камтар аз 1 фоизро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, 20 фоизи аҳолии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо Интернет фаро гирифта шудаанд.



Гуфта мешавад, ки вазъ бо истифодаи телефонҳои мобилӣ каме дигаргун аст. Дар тӯли солҳои 2000-2007 шумораи истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар Осиёи Ҷанубӣ 70 баробар ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба андозаи 40 баробар афзудааст.



Иштирокдорони мулоқот роҳандозии кӯшишҳои таъмини дастрасии баробари аҳолии кишварҳои минтақа ба воситаҳои нави алоқаро таъкид сохтанд, зеро дар замони кунунӣ он яке аз омилҳои рушд ва расидан ба ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.