Дар Душанбе шаҳрванди мусаллаҳи Афғонистон дастгир карда шуд

            Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни баргузории амалиёти вижа дар шаҳри Душанбе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванди Афғонистон Абдулқодири Абдураҳимро боздошт карданд.             Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, А.Абдураҳим бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми рондани мошини тамғаи « NISSAN – INFINITI » […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни баргузории амалиёти вижа дар шаҳри Душанбе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванди Афғонистон Абдулқодири Абдураҳимро боздошт карданд.





           

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, А.Абдураҳим бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми рондани мошини тамғаи «


NISSAN





INFINITI


» боздошт шуд. «Гузашта аз ин, маълум шуд, ки рақамҳои давлатии нақлиёт низ қалбакӣ буда, ҳангоми азназаргузаронӣ аз он силоҳи оташфишон бо муҳимот дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт сарчашма.




           

Манбаъ афзуд, ки нисбат ба аъмоли шаҳрванди Афғонистон аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.