Вазъи ташвишовари ҷамъоварии ҳосили имсолаи пахта

            Душанбе. 19-уми ноябр – Пас аз таваққуфи якҳафтаина дар як қатор ноҳияҳои пахтакори вилоятҳои Хатлону Суғд ҷамъоварии ҳосили пахта аз нав шурӯъ шуд. Деҳқонон ният доранд, ки то кӯраки охирин ҳосили имсоларо ҷамъоварӣ намоянд.             Тибқи маълумоти ахири Кумитаи давлатии омори кишвар, то имрӯз кишоварзони вилояти Суғд ба андозаи 49,6 фоиз ва вилояти Хатлон […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 19-уми ноябр – Пас аз таваққуфи якҳафтаина дар як қатор ноҳияҳои пахтакори вилоятҳои Хатлону Суғд ҷамъоварии ҳосили пахта аз нав шурӯъ шуд. Деҳқонон ният доранд, ки то кӯраки охирин ҳосили имсоларо ҷамъоварӣ намоянд.





           

Тибқи маълумоти ахири Кумитаи давлатии омори кишвар, то имрӯз кишоварзони вилояти Суғд ба андозаи 49,6 фоиз ва вилояти Хатлон 48,3 фоизи нақша ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ кардаанд.




           

Ба гуфтаи сардори Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Саидмурод Баҳриддинов, боришоти рӯзҳои ахир сабаби он гардид, ки деҳқонон аз ҷамъоварии ҳосил даст кашанд. Номбурда изҳор дошт, ки дар чанде аз хоҷагиҳои ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав шудгор ва ҷамъоварии ғӯзапоя оғоз шудааст, ки ҳарчӣ барвақт анҷом додани он ба афзоиши ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.




           

Қобили зикр аст, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Данғара нахустин шуда аз иҷрои нақша мужда расониданд. Маъмулан маъракаи ҷамъоварии пахта бо бориши барфи авал – ахири моҳи ноябр ё аввали моҳи декабр ба анҷом мерасад.




           

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар масоҳати 254 ҳазору


279 га

пунбадона кишт гардида, 419 ҳазору 597 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд, ки он аз 550 ҳазор тоннаи мувофиқи нақша пешбинишуда 76,3 фоизро ташкил медод. Соли равон пунбадона дар масоҳати 242 ҳазору

439 га

кишт карда шуда, тибқи нақша ҷамъоварии 552,2 ҳазор тонна «тиллои сафед» пешбинӣ гардида буд.




           

Тибқи маълумоти ахири Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ содироти нахи пахта дар ҳаҷми умумии содироти моли кишвар 7,2 фоизро ташкил дода, ба хориҷи кишвар ба маблағи $89,5 млн. нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи миқдор 20,5 ҳазор тонна ва аз рӯи арзиш $8,1 млн. камтар аст.




           

Нахи пахтаи ҷумҳурӣ асосан ба Русия (39,9%), Эрон (26,4%), Ӯзбекистон (9,6%), Латвия (7,9%), Булғористон (5,5%), Белорус (3,5%), Украина (2,3%), Чин (0,3%) ва Британияи Кабир (0,2%) бароварда шудааст.




           

Қимати миёнаи нахи пахта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи $221 афзуда, феълан барои 1 тонна $1336-ро ташкил медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.