Олмон амалисозии лоиҳаҳои пурсамару умедбахши бахши кишоварзии ҷумҳуриро дастгирӣ мекунад

Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири Олмон дар ҷумҳурӣ Дорис Хертрампф масъалаи дурнамои рушди ҳамкории кишварҳо дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Қ.Қосимов дастовардҳои кишвари Олмонро дар рушди соҳаи кишоварзӣ, аз […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири Олмон дар ҷумҳурӣ Дорис Хертрампф масъалаи дурнамои рушди ҳамкории кишварҳо дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Қ.Қосимов дастовардҳои кишвари Олмонро дар рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла содироти техникаву таҷҳизот, мавод ва фановариҳои замонавӣ барои бахши кишоварзӣ, атоматикунонии равандҳои технологӣ дар чорводорӣ, паррандапарварӣ ва таҷдиди умумии соҳаи кишоварзӣ баланд арзёбӣ намуд.



Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ ба сафири Олмон барои тайёр кардану бозомӯзии мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ва дастгирии молиявии Олмон изҳори миннатдорӣ намуд. Дар навбати худ, сафири Олмон таҳкими ҳамокриҳоро миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Макатаби олии Вайенштефан ва созмони «Инвент», ки фаъолияташон ба соҳаи кишоварзӣ марбут аст, таъкид сохт.



Сафири Олмон изҳори боварӣ кард, ки ба таҳкиму густариши ҳамкориҳо Барномаи чанде қабл ба имзо расидаи кӯмаки Олмон ба Тоҷикистон ба маблағи 36 млн. Евро мусоидат хоҳад кард. Ҷонибҳо инчунин ба масъалаи беҳбуди низоми обёрикунии Тоҷикистон, ки 60 фоизаш тавассути механикӣ кор мекунанд, таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд.



Дар анҷоми мулоқот Д.Хертрампф изҳори умеду боварӣ кард, ки бахши кишоварзии Тоҷикистон моҳи феврали соли оянда дар Ярмаркаи ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзии «Олами сабз» дар Олмон фаъолона ширкат хоҳад варзид. «Мо минбаъд низ амалисозии лоиҳаҳои пурсамару умедбахши бахши кишоварзии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳем кард», – афзуд ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.