Дар деҳаи Янгиободи ноҳияи Хуросон Маркази нави солимӣ ба истифода дода шуд

            Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пеш дар деҳаи Янгиободи ҷамоати Ғаллаободи ноҳияи Хуросон Маркази нави солимӣ ба истифода дода шуд.             Тавре корманди Бунёди миллии сармоягузории иҷтимоии Тоҷикистон Абдулқосим Котибов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, лоиҳаи хурди мазкур дар доираи ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон «Фондҳои мусоидат ба рушди таълимоти заминавӣ ва зерсохторҳои […]

Баҳром Маннонов



           

Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пеш дар деҳаи Янгиободи ҷамоати Ғаллаободи ноҳияи Хуросон Маркази нави солимӣ ба истифода дода шуд.





           

Тавре корманди Бунёди миллии сармоягузории иҷтимоии Тоҷикистон Абдулқосим Котибов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, лоиҳаи хурди мазкур дар доираи ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон «Фондҳои мусоидат ба рушди таълимоти заминавӣ ва зерсохторҳои ҷамоатӣ» аз ҷониби ин бунёд амалӣ гардид.




           

Ба гуфтаи мавсуф, деҳаи Янгиобод бо аҳолии 1 ҳазору 486 нафар аз маркази ҷамоат ба масофаи


15 км

ва аз маркази ноҳия ба масофаи

18 км

дуртар воқеъ аст. «Дар ин деҳа як бунгоҳи тиббӣ дар вагон амал мекард, ки дар он як пизишку як хоҳари шафқат фаъолият доштанд», – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, сокинони деҳа аз дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ мушкилоти зиёд доштанд».




           

А.Котибов афзуд, ки маркази тиббӣ бо тамоми шароитҳо таъмин карда шуда, бинои он бо системаи гармидиҳӣ ва утоқҳои муолиҷаи ҳама гуна бемориҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.