Омӯзгорони афғон дар макотиби олии Тоҷикистон дар курсҳои бозомӯзӣ таҳсил мекунанд

            Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони Афғонистон ба фаъолият шурӯъ карданд. Ин курсҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки ДДОТ ва Фонди Авруосиёи Осиёи Марказӣ «Такмили ихтисоси омӯзгорони афғон дар ДДОТ» ташкил карда шудаанд.             Дар нишасти матбуотӣ мудири […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони Афғонистон ба фаъолият шурӯъ карданд. Ин курсҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки ДДОТ ва Фонди Авруосиёи Осиёи Марказӣ «Такмили ихтисоси омӯзгорони афғон дар ДДОТ» ташкил карда шудаанд.





           

Дар нишасти матбуотӣ мудири лоиҳа Нафисахон Юнусова изҳор дошт, ки чорабинӣ бо мақсади мусоидат ба рушди таҳсилоти ибтидоӣ дар кишвари ҳамҷавор ва барқарор кардани муносиботи ҳамкории минбаъда миёни бахшҳои маорифи кишварҳо татбиқ карда мешавад.




           

Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал 15 омӯзгори синфҳои ибтидоии вилояти Балхи Афғонистон дар курсҳо таҳсил хоҳанд кард. Ректори донишгоҳ Зариф Шарифов зикр кард, ки омӯзгорони тоҷик баҳри кӯмак ба ҳамтоҳои афғони худ ва фароҳамории шароити мусоиди табодули таҷрибаи пешқадам омодаанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.