Эҳтимоли болоравии арзиши маҳсулоти чопӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ аз як қатор нашриётҳо тақозо дорад, ки андоз аз даромадро бо меъёри баландтар пардохт намоянд. Дар огоҳиномаи Кумитаи андоз, ки чанде қабл ба ин нашриётҳо расидааст, зикр гардидааст, ки ин корхонаҳо бояд андоз аз даромадро бо меъёри 25 фоиз пардохт намоянд. Гузашта аз ин, мақомоти андоз талаб кардааст, ки аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ аз як қатор нашриётҳо тақозо дорад, ки андоз аз даромадро бо меъёри баландтар пардохт намоянд.

Дар огоҳиномаи Кумитаи андоз, ки чанде қабл ба ин нашриётҳо расидааст, зикр гардидааст, ки ин корхонаҳо бояд андоз аз даромадро бо меъёри 25 фоиз пардохт намоянд. Гузашта аз ин, мақомоти андоз талаб кардааст, ки аз рӯйи ин андоз қарздорӣ барои соли 2011 пурра пардохт шавад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2009 сарвари давлат бо мақсади дастгирии соҳибкорони ватанӣ ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки меъёри пардохти андоз аз даромад аз 25 то 15 фоиз поин бурда шавад. Моҳи майи ҳамон сол парлумони кишвар ба Кодекси андози ҶТ тағйироти дахлдор ворид намуд.

Пас аз қабули ин тағйирот тамоми нашриётҳо чун дигар корхонаҳои истеҳсолӣ андоз аз даромадро дар ҳаҷми 15 фоиз пардохт мекарданд.

Раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатов дар робита ба ин масъала дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки санҷишҳои чанде қабл доиргардида бозгӯи онанд, ки андозсупорандагони зиёде, ки ба истеҳсолкунандагони маҳсулот мансуб нестанд, бо истифода аз беамалии кормандони андоз, пардохти андоз аз даромадро бо меъёри паст анҷом медодаанд.

«Дар ин робита мо рӯйхати чунин андозсупорандагонро тартиб дода, ба тамоми сохторҳои маҳаллии андоз фиристодем, то ки чунин камбудиҳо бартараф карда шаванд, – гуфт вай. – Агар касе бо мо розӣ набошад, метавонад ба Кумита муроҷиат намояд ва дар ооҳинома ҳам ин нукта зикр шудааст».

Раиси Кумита зикр кард, ки дар масъалаи муайян кардани категорияҳои корхонаҳои алоҳида мушкилот ҷой доранд. «Чанде аз онҳо дар баробари истеҳсоли маҳсулот ба хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ низ машғуланд. Масалан, нашриёти «Шарқи озод» корхонаи истеҳсолӣ маҳсуб меёбад, вале дар баробари ин ба субъектҳои хоҳишманд хизматрасониҳои табъу нашрро низ пешниҳод менамояд», – гуфт ӯ.

Н.Давлатов таъкид кард, ки зимни ба вуҷуд омадани масъалаҳои баҳснок кумита ба муколама бо андозсупорандагон омода буда, дар маҷмӯъ аксари андозсупорандагони шомили рӯйхат аллакай эъломияҳои нави худро пешниҳод кардаанд.

Яке аз нашриёте, ки чунин огоҳинома гирифтааст, нашриёти «Мушфиқӣ» мебошад. Директори ин корхона Умед Сатторов мегӯяд бо талаби кумита розӣ нест, зеро корхона маҳсулоти худро истеҳсол намуда, агар ҳатто пурра ба иҷрои фармоиши шахсони дигар машғул бошад ҳам, он корхонаи истеҳсолӣ аст, чунки тамоми маҳсулотро аз ҳисоби худ аз хориҷи кишвар дастрас менамояд. «Маблағҳое, ки кумитаи андоз талаб мекунад, мо пардохта наметавонем, зеро меъёри 15 фоизро дар назар доштем, – изҳор дошт вай. – Ғайр аз ин, ин чора танҳо ба чанде аз нашриёт дахл дорад, ки ба рақобати солим дар муҳити табъу нашри кишвар таъсири манфӣ мерасонад».

Умед Сатторов афзуд, агар Кумитаи андоз қарори худро тағйир надиҳад, нашриёт маҷбур аст, ҳам нархи маҳсулоти худӣ ва ҳам арзиши хизматгузорӣ ба мизоҷонро боло барад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.