Кӯшиши имомхатибони Душанбе ҷиҳати пешгирии болоравии нарх

Имомхатибони шаҳри Душанбе барои ҳалли масъалаи пешгирии болоравии нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон бо маъмурияти бозорҳои пойтахт вохӯрӣ доир месозанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дини назди ҳукумат хабар доданд, ин масъала чанде қабл дар мулоқоти раиси ин Кумита Абдураҳим Холиқов бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеи пойтахт баррасӣ шуд. Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот […]

Меҳрангез Турсунзода


Имомхатибони шаҳри Душанбе барои ҳалли масъалаи пешгирии болоравии нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон бо маъмурияти бозорҳои пойтахт вохӯрӣ доир месозанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дини назди ҳукумат хабар доданд, ин масъала чанде қабл дар мулоқоти раиси ин Кумита Абдураҳим Холиқов бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеи пойтахт баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот раиси Кумита зикр кардааст, ки имомхатибон дар ҳамдастӣ бо намояндагони Кумита ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд бо шахсони масъули бозорҳо вохӯрӣ доир намоянд, то ки болоравии сунъии нархҳоро боздоранд.

«Ӯ аз имомхатибон ҳамчунин даъват ба амал овард, ки бо ибодаткунандагон дар бораи фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон суҳбатҳо карда, ба фурӯшандагон талқин созанд, ки онҳо ба таври сунъӣ нарҳоро ба маводи ғизойӣ боло набаранд», – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин аз болоравии нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев низ изҳори нигаронӣ намуда, тоҷиронро ба адлу инсоф даъват кард.

Бино ба нарҳои муайянкардаи мақомоти шаҳрдории пойтахт, айни замон қимати гӯшти гов – 29 сомонӣ, гӯсфанд – 30 сомонӣ, орди навъи олӣ – то 110 сомонӣ, 1 литh равғани рустанӣ – то 8 сомонӣ, 1 кило биринҷи ватанӣ – то 7 сомонӣ ва 1 кило шакар – то 5 сомонӣ муқаррар шудааст.

Соли равон Шӯрои уламои ҷумҳурӣ низ аз тамоми фурӯшандагон даъват кард, ки мувофиқи имконот ба поин бурдани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар моҳи шарифи Рамазон кӯшиш ба харҷ диҳанд.


Манбаъ: islamnews.tj

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.