Ташрифи муовини вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон

Date:


Муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов рӯзи 9-уми август ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад, – иттилоъ медиҳад хабаргузории CA-News бо истинод ба як сарчашма аз доираҳои низомиву дипломатӣ.

«Муовини вазир мудофиаи Русия Анатолий Антонов, ки масъули робитаҳои байнулмилалӣ аст, санаи 9-уми август ба Душанбе ташриф меорад», – гуфтааст сарчашмаи хабаргузорӣ.

Ба иттилои манбаъ, муовини вазири мудофиаи Русия бо як зумра мансабдорони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дидору гуфтушунид хоҳад кард. Дар бораи дигар ҷузъиёти сафар маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистону Русия муддати чаҳор сол аст, ки доир ба масъалаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон гуфтушунид доранд.

Моҳи июли соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар робита ба ин масъала изҳор карда буд, ки гуфтушунидҳо перомуни ин масъала ба таври маъмулӣ ҷараён доранд, вале қаблан фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Русия Владимир Чиркин гуфта буд, Тоҷикистон дар масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомӣ шартҳои ғайриқобили қабулро пеш гузоштааст.

Баъдтар вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков изҳори боварӣ намуда буд, ки моҳи октябр Тоҷикистон ба имзои қарордод бо шартҳои пешина омода хоҳад буд.

ВАО иттилоъ дода буданд, ки Тоҷикистон барои ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомӣ «пардохти на камтар аз 250 млн. доолари ИМА-ро дархост кардааст». Кремл тамдиди ҳузури пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро ба муддати 49 соли минбаъда дар назар дорад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...