Тоҷикистон аз Украина 15 вагони мусофирбар дастрас мекунад

Корхонаи истеҳсоли вагонҳои шаҳри Крюкови Украина то ахири сол барои Тоҷикистон 15 адад вагони мусофирбар омода месозад. Ба гуфтаи роҳбари корхонаи мазкур Евгений Хворост, бори нахуст аст, ки ин корхона барои Тоҷикистон вагонҳои мусофирбар тайёр менамояд. Интизорӣ меравад, ки омода сохтани вагонҳо моҳи оянда оғоз мегарданд. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2011 дар корхонаи итеҳсоли вагонҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Корхонаи истеҳсоли вагонҳои шаҳри Крюкови Украина то ахири сол барои Тоҷикистон 15 адад вагони мусофирбар омода месозад.

Ба гуфтаи роҳбари корхонаи мазкур Евгений Хворост, бори нахуст аст, ки ин корхона барои Тоҷикистон вагонҳои мусофирбар тайёр менамояд. Интизорӣ меравад, ки омода сохтани вагонҳо моҳи оянда оғоз мегарданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2011 дар корхонаи итеҳсоли вагонҳои Крюков шумораи рекордии вагонҳои боркаш истеҳсол шуда, дар муқоиса бо соли 2010 шумори онҳо ба андозаи 18% афзудааст.

Қобили зикр аст, ки корхонаи итеҳсоли вагонҳои Крюков дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона корхонаест, ки дар он истеҳсоли мунтазами вагонҳои мусофирбар ва боркаш ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ба беш аз 20 кишвари ҷаҳон фиристода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, айни замон парки амволи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 1 ҳазору 929 адад вагонҳои боркаш, 424 адад вагонҳои мусофирбар ва 55 тепловоз иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд