Суғд: Мусодираи беш аз 60 кило героин дар соли равон

Кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои ин раёсат дар вилояти Суғд аз оғози соли равон ҳудуди 160 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори бахши таҳлилии шуъбаи мубориза бо маводи нашъаовари раёсати мазкур Насим Олимов хабар дод, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ […]

Мавлуда Рафиева


Кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои ин раёсат дар вилояти Суғд аз оғози соли равон ҳудуди 160 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори бахши таҳлилии шуъбаи мубориза бо маводи нашъаовари раёсати мазкур Насим Олимов хабар дод, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 158 килову 31 грамм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 145 кило камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 303 килову 465 грамм маводи мухаддир мусодира гардида буд.

Ба иттилои манбаъ, аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда зиёда аз 9 килояшро маводи сахттаъсири героин, 9 килоро – афюн ва беш аз 124 килояшро ҳашиш ташкил медиҳад. Аз рӯйи ин далелҳо 133 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 239 кило маводи нашъаоварро мусодира намудаанд, ки 61 килояшро героин ташкил медиҳад. Дар ҳамин давраи соли гузашта 349 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд