Даъвои мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбати Шабакаи аввал қонеъ шуд

Суди ноҳияи Шоҳмансур пас аз баррасии даъвои мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, барои узр пурсидан аз мақомоти шаҳрдорӣ ба мақомоти раҳбарии шабакаи телевизионӣ як моҳ фурсат дод. Ғайр аз ин, дар ин муддат Шабакаи аввали телевизион бояд тавассути барномаи «Ахбор» раддияи иттилои қаблан интишоргардидаро пахш намояд. Ба гуфтаи котиби матбуотии раиси […]

Аваз Юлдошев


Суди ноҳияи Шоҳмансур пас аз баррасии даъвои мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, барои узр пурсидан аз мақомоти шаҳрдорӣ ба мақомоти раҳбарии шабакаи телевизионӣ як моҳ фурсат дод.

Ғайр аз ин, дар ин муддат Шабакаи аввали телевизион бояд тавассути барномаи «Ахбор» раддияи иттилои қаблан интишоргардидаро пахш намояд.

Ба гуфтаи котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар даъвои мақомоти шаҳрдорӣ ҷуброни зарари маънавӣ ё моддӣ тақозо намешавад. «Мо танҳо расман узр пурсидан ва пахши раддияро талаб намудем», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июл мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбат ба маводи дар телевизиони Шабакаи аввал пахшгардида оид ба фаъолияти ғайриқаноатбахши мақомоти пойтахт ва инъикоси якҷонибаи мавзӯъ бо аризаи даъвогӣ ба суд шикоят намуд.

«Нахуст мо ба ин шабакаи телевизионӣ муроҷиат намуда, талаб доштем, ки ба ин мавод раддия пахш карда шавад, вале дар муддати як моҳ ин кор анҷом дода нашуда, мо барои баркарор кардани адолат ба суд муроҷиат кардем», – иброз дошт Саидов.

Дар маводи телевизионии зикршуда фаъолияти ғайриқаноатбахши мақомоти шаҳрдории пойтахт зимни бартараф кардани оқибатҳои боришоти сел мавриди интиқод қарор гирифта, вале мавқеи мақомоти шаҳрдорӣ инъикос нагардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд