Дар қаламрави вилояти Маскав 90 ҳазор тоҷикон қонунӣ фаъолият доранд

Зимни вохӯрии намояндагони КВД «Тоҷикхориҷакор» бо мақомоти раҳбарии Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Маскав зикр гардид, ки айни замон дар қаламрави вилояти Маскав ҳудуди 90 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қонунӣ кору зиндагӣ мекунанд. Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки беш аз 100 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин вилоят кору зиндагиро ихтиёр намудаанд, ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни вохӯрии намояндагони КВД «Тоҷикхориҷакор» бо мақомоти раҳбарии Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Маскав зикр гардид, ки айни замон дар қаламрави вилояти Маскав ҳудуди 90 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қонунӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки беш аз 100 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин вилоят кору зиндагиро ихтиёр намудаанд, ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва дигар асноди зарурии будубош надоранд.

Дар ҳамин ҳол, иброз доштаанд иштирокчиёни вохӯрӣ, беш аз 50%-и қонуншиканиҳо маҳз ба риоя накардани реҷаи будубош дар қаламрави Русия рост меоянд.

Мутобиқи маълумоти Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Маскав, дар ин вилоят феълан 47 нуқтаи қабули ҳуҷҷатҳо барои анҷоми расмиёти додани патент амал карда, патент дар муддати 10 рӯзи корӣ омода ва супурда мешавад.

Ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти мазкур Алексей Сичёв, нисбат ба соли гузашта соли равон аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик дастрас кардани асноди иҷозат барои кор ва зиндагӣ ба маротиб бештар гардидааст.

«Агар дар соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 34 ҳазору 750 иҷозатнома барои кор ва 44 ҳазору 842 патент гирифта бошанд, пас дар зарфи 7 моҳи соли равон онҳо аллакай 21 ҳазору 906 иҷозатнома барои кор ва 39 ҳазору 484 патент дастрас намуданд», – гуфт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли равон дафтари асосии кории КВД «Тоҷикхориҷакор» нахуст дар шаҳри Маскав ва сипас филиали он дар шаҳри Санкт-Петербург ба фаъолият шурӯъ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.