Иди Рамазон 19-уми август таҷлил мегардад

Соли равон Иди моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон санаи 19-уми август таҷлил мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, субҳи рӯзи 19-уми август дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон намози Иди Фитр баргузор мешавад. Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо табрикоти ид […]

Аваз Юлдошев


Соли равон Иди моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон санаи 19-уми август таҷлил мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, субҳи рӯзи 19-уми август дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон намози Иди Фитр баргузор мешавад.

Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, идона мегиранд. Рӯзи ид ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд.

Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Рамазон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст ва агар рӯзи ид ба рӯзи истироҳат рост ояд, рӯзи аввали ҳафтаи дигар рӯзи ғайрикорӣ эълон мегардад.

Дар робита ба ин, чун рӯзи 19-уми август ба рӯзи якшанбе рост меояд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Иди Рамазон пайиҳам се рӯз – рӯзҳои 18, 19 ва 20-уми август истироҳат мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.