Мақомоти шаҳрдории пойтахт фурӯши ордро маҳдуд кард

Мақомоти шаҳрдории Душанбе фурӯши орд дар моҳи Рамазонро маҳдуд кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, то 19-уми август, яъне таҷлили Иди Рамазон ба ҳар як харидор на зиёдтар аз 10 кило фурӯхта мешавад. «Ин қарор баҳри пешгирии ҳаннотии соҳибкорон қабул шуд, зеро далелҳое ошкор гардиданд, ки соҳибкорон […]

Меҳрангез Турсунзода


Мақомоти шаҳрдории Душанбе фурӯши орд дар моҳи Рамазонро маҳдуд кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, то 19-уми август, яъне таҷлили Иди Рамазон ба ҳар як харидор на зиёдтар аз 10 кило фурӯхта мешавад. «Ин қарор баҳри пешгирии ҳаннотии соҳибкорон қабул шуд, зеро далелҳое ошкор гардиданд, ки соҳибкорон бо ҳаҷми ниҳоят зиёд ордро харида, сипас онро дар фурӯшгоҳ ё минтақаи дигар бо нархи баланд фурӯхтанд», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт, ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти говро 29, гӯшти говмешро 19, гӯшти гӯсфандро 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистонро то 110, 1 л. равғани растаниро то 8, як кг биринҷи ватаниро то 7, як кг шакарро то 5, 1 л. ширро то 3, як кг картошкаро то 2, як кг сабзиро то 2,2, як кг пиёзро то 1,1 ва 1 дона тухмро то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароранд.

Соли равон ҳамчунин Шӯрои уламои ҷумҳурӣ аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки мувофиқи имкон нархҳоро дар моҳи шарифи Рамазон поин баранд. Аммо таҷриба гувоҳи он аст, ки ҳамасола бо оғози моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти ғизойӣ боло рафта, дар арафаи Иди Рамазон бошад, маҳсулоти ғизойӣ бо арзиши дучанду сечанд болотар фурӯхта мешаванд.

Тавре қаблан хабар дода будем, барои пешгирии камбуди орд дар бозорҳо, ҳукумати Тоҷикистон ба фурӯши захираҳои давлатии орд шурӯъ кард. Муовини директори Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати ҶТ Муҳаммадӣ Муллоев иттилоъ дод, ки имрӯз ҳаҷми захираҳои давлатии орд дар бозор ба 10% аз ҳаҷми умумӣ баробар буда, нисбат ба қимати орди бозор 10-15% арзонтар аст.

«Агентӣ мунтазам дар бозор фаъолият дорад, вале моҳи охир фаъолияти он ба маротиб бештар гардид. Муҳимаш он аст, ки камбуду норасоӣ набошад, вале агар ба бахши хусусӣ фаъолият дар ин соҳа фоидаовар набошад, аз камбуд ҷойи гурез нахоҳад монд. Дар ин ҳолат нархҳо боз зудтар боло мераванд», – мегӯяд Муллоев.

Ҳамчун иқтисодчӣ Муллоев методҳои маъмурии мубориза бо болоравии нархҳоро қабул надорад, зеро таъини нарх дар бозор ба аксуламал табдил меёбад. «Агар ба соҳибкор фурӯхтани маҳсулот бо нархи муқарраршуда даромад наорад, ӯ аз фаъолият даст хоҳад кашид. Ҳеҷ кас бар зиёни худ фаъолият намекунад», – изҳор дошт ӯ.

Талаботи яксола ба орд дар Тоҷикистон ҳудуди 1,6 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Беш аз 95%-и ордро Тоҷикистон аз Қазоқистон ва 5%-ро аз Русия ворид месозад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилои интишоргардида дар як қатор ВАО оид ба камбуди шадиди орд дар бозорҳои Душанберо рад мекунад.

Дар ҷараёни машварати кории назди раиси пойтахт зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2012 ба шаҳри Душанбе аз хориҷи кишвар 81 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки талабот ба маҳсулоти нонӣ (нон, макарон дар ҳисоб бо орд, орд, ярмаи ғалладонагиҳо, лӯбиёгӣ)  бо ҳисоби ғалла дар шаҳр на бештар аз 95,3 ҳазор тонна дар  як сол ё худ моҳона 7943 тоннаро ташкил медиҳад.

Зимни машварат раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид кард, ки нархи муқаррарӣ- як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон то 110 сомонӣ бо инобати таҳлилҳо ва захираҳои воридоти соҳибкорон дар нимсолаи аввали соли 2012 дар асоси мувофиқа ва имкониятҳои субъектҳои ордворидкунанда дар марзи шаҳри Душанбе тасдиқ карда шудааст ва  бо ин нархҳо ба фурӯш гузоштани орди мавриди таваҷҷӯҳ соҳибкорон зарар нахоҳанд дид.

Ҳамзамон раиси пойтахт афзуд, ки тибқи иттилои Раёсати гумруки шаҳри Душанбе аз 1 июл то 1 августи соли 2012 дар шаҳри Душанбе аз хориҷи кишвар умуман орд ворид нашудааст ва ҳангомаҳои гӯё орди бо нархи қиммат воридшударо бо нархҳои муқаррарӣ аз ҷониби соҳибкорон ба савдо гузоштан барзарар ва хилофи меъёрҳои иқтисоди бозоргонист, аз ҳақиқат фарсахҳо дуранд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон, сохторҳои марбута, сокинон ва воситаҳои ахбори омма, ки дар татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки маҳз ба хотири дастгирии иҷтимоии сокинон қабул гардидааст, ҳамовозӣ намуда, бо нархҳои муқаррарӣ 12 намуди маҳсулоти муайяншударо дар бозорҳо новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ба савдо гузошта, дар моҳи шарифи Рамазон алайҳи субъектҳои “паразитӣ” бетарафиро интихоб накарданд, аз номи  Роҳбарияти шаҳр изҳори сипосмандӣ кард. Дар маҷмӯъ дар бозорҳои шаҳр ҳамарӯза на кам аз 250 тонна орд ба фурӯш гузошта мешаванд, ки талаботи сокинони пойтахтро комилан таъмин месозад.

Инчунин бо хулоса аз раҳнамоиҳои шаҳрдор дар фарҷоми ҷаласа соҳибкорони ба интиқол ва фурӯши маводи сӯзишвории нақлиётӣ шуғлдошта иқдом намуданд, ки то фарҷоми моҳи Рамазон дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр бензини навъи А92-ро 6 сомонӣ ва гази моеъро 2,3 сомонӣ ба савдо мегузоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.