Масъалаи хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Хоруғ норавшан аст

Сарфи назар аз ваъдаҳои мақомоти қудратӣ доир ба то рӯзи сешанбе хориҷ кардани нерӯҳои низомӣ аз шаҳри Хоруғ, то ҳанӯз ин масъала норавшан аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сарчашмаҳои муътамад маълум шуд, ин қарорро пас аз мулоқот бо намояндагони Созмони Оғо Хон оид ба рушд (AKDN) ва Бунёди Оғо Хон (AKF) бояд президент қабул […]

ASIA-Plus


Сарфи назар аз ваъдаҳои мақомоти қудратӣ доир ба то рӯзи сешанбе хориҷ кардани нерӯҳои низомӣ аз шаҳри Хоруғ, то ҳанӯз ин масъала норавшан аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сарчашмаҳои муътамад маълум шуд, ин қарорро пас аз мулоқот бо намояндагони Созмони Оғо Хон оид ба рушд (AKDN) ва Бунёди Оғо Хон (AKF) бояд президент қабул кунад. Манбаъбаъҳо мегӯянд, вохӯрии сарвари давлат бо Мунир Миралӣ ва Ёдгор Файзов бояд имрӯз баргузор гардад, аммо дар Дастгоҳи иҷроияи президент ин иттилоъро алҳол тасдиқ намекунанд.

Тибқи баъзе маълумот, то анҷоми сафари президент ба ин минтақа ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои таҷлили ҷашни 80-солагии шаҳри Хоруг, ки ҳафтаи оняда дар назар аст, низомиён ба макони доимии будубош баргардонида намешаванд.

Айни замон танҳо як гурӯҳи начандон назарраси хизматчиёни Вазорати мудофиа шаҳрро тарк карда, воҳидҳои дигари мақомоти қудратӣ ва нишонзанҳо дар мавқеашон боқӣ мондаанд.

Тибқи мувофиқаи бадастомада миёни Гурӯҳи 20-нафарӣ ва мақомоти қудратӣ, шумори низомиён дар шаш посгоҳи назоратии шаҳр кам карда шуд. Ба ивази онҳо дар ҳамроҳӣ бо кормандони милиса ихтиёриён риояи тартибот дар шаҳрро назорат мекунанд. Посгоҳҳои низомиён танҳо дар мавззеҳои вуруд ба шаҳр боқӣ монда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарони мақомоти қудратӣ таслими қумондонҳои саҳроии Бадахшонро боисрор талаб доранд. Тибқи баъе маълумот, феълан бо онҳо гуфтушунид ҷараён дошта, вале ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Ба қавли манбаъҳо, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев бо ҳар кадоме аз онҳо танҳо ба танҳо нияти гуфтушунид дошта, ин мақсадро изҳор карданӣ будааст.

Ёдрас мекунем, ки яке аз собиқ қумондонҳои саҳроӣ Толиб Айёмбеков ба ҳукуматдорон таслим шуд. Ҳамчунин ҳамроҳи ӯ боз ду нафари гумонбар ба қатли генерал Абдулло Назаров низ ба мақомот таслим шуданд.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.