Адвокатҳои гумонбар ба қатли Х.Сафаров изҳороти Прокуратураи генералиро рад мекунанд

Адвокатҳои гумонбар ба қатли язнаи президент Холмӯъмин Сафаров изҳороти Прокуратураи генералӣ доир ба иваз накардани баёнот аз ҷониби ӯ, истифода нагардидани шиканҷа ва дастрасии озодонаи адвокатҳо ба зерҳимояро рад мекунанд. Ёдрас мекунем, ки сардори Раёсати кор бо парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ Ҷамшед Сангов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки гумонбар […]

Фирӯз Умарзода


Адвокатҳои гумонбар ба қатли язнаи президент Холмӯъмин Сафаров изҳороти Прокуратураи генералӣ доир ба иваз накардани баёнот аз ҷониби ӯ, истифода нагардидани шиканҷа ва дастрасии озодонаи адвокатҳо ба зерҳимояро рад мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки сардори Раёсати кор бо парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ Ҷамшед Сангов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки гумонбар ба қатли хеши президент Холмӯъмин Сафаров аз баёноти қаблан додааш даст накашида, ҳамчунин ӯ мавриди шиканҷа қарор нагирифтааст. Ӯ гуфта буд, чанд рӯз қабл онҳо ҳамроҳи прокурори генералӣ дар назди ӯ будаанд ва гумонбаршуда дар ин бора ба онҳо иттилоъ додааст.

Ба қавли адвокатҳо зерҳимояи онҳо аз баёноти қаблан додааш даст кашида, то ҳанӯз дар ин мавқеъ истодагарӣ мекунад. Сабаби иқрор шудани гумонбаршуда дар содир намудани ҷинояти мазкур истифодаи шиканҷа нисбат ба ӯ аз рӯзи нахусти боздошт будааст. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони хадамоти фаврии шомил ба гурӯҳи тафтишотӣ нисбат ба аҳли оилаи ӯ таҳдидҳо садо додаанд. Созмони ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) низ нисбати ин қазия изҳори нигаронӣ намуда буд.

«Рӯзи 21-уми июл мо бо чашмони худ зерҳимояамонро бо бинии кафида, осори захм дар поини чашмҳо ва рӯйи варамида дидем. Ӯ фамилияи онҳоеро, ки ӯро мавриди лату кӯб қарор додаанд, номбар кард», – гуфт яке аз адвокатҳои гумонбаршуда Ҷӯрабой Сӯфиев.

Ба гуфтаи ӯ, ташхиси тиббӣ дар мавриди истифодаи шиканҷа пас аз як ҳафтаи дархости адвокатҳо дар ин хусус, вале бидуни ҳузури онҳо гузаронида шудааст. Коршиносон ба хулоса расиданд, нисбат ба ӯ шиканҷа истифода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Сӯфиев гуфтаҳои дигари намояндаи Прокуратураи генералӣ дар бораи дастрасии адвокатҳо ба зерҳимояашонро низ тасдиқ намесозад. «Моддаи 53-и КМҶ ҶТ дар парвандаи гумонбаршуда то ҳанӯз риоя намешавад ва адвокатҳо имкон надоранд, ки бо ӯ вохӯранд», – иброз дошт вай.

Маврид ба ёдоварист, киҶ.Сангов дар мусоҳибаи зикршуда ҳамчунин гуфта буд, «ҳеҷ кас бо дархости имкони дидор бо гумонбаршуда ба ман муроҷиат накардааст». Аммо адвокатҳо мегӯянд, онҳо чандин маротиба дар ин хусус муроҷиат кардаанд.

«Дар ин хусус мо на ба Ҷамшед Сангов, балки бояд ба роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ муроҷиат кунем, – мегӯяд адвокат. – Пас аз як ҳафтаи адвокат таъин шуданам, санаи 20-уми июл ман ҷиҳати вохӯрии шахсии танҳо ба танҳо бо зерҳимояам дархост кардам ва он замон айбнома ҳоло пешниҳод нагардида буд. То ҳанӯз посухи расмӣ нагирифтаам. Ман аллакай муддати як моҳ (аз 13-уми июл) адвокати ӯ ҳастам, вале то ҳол ӯро надидаам. Илова бар ин мо мудом ба Прокуратураи генералӣ рафта, телефонӣ ҳам тамос мегирем, вале роҳбари гурӯҳи тафтишотии парванда ва муфаттишон ба мо мегӯянд, ки то ҳол роҳбарият барои вохӯрӣ иҷозат надодааст».

«Ҳар як сухани зерҳимояи мо бояд дар ҳузури адвокат садо диҳад, мо дар бораи баёнотҳои нави ӯ огаҳӣ надорем. Аз рӯзи аз баёноти пешина даст кашидан, мо дигар ӯро надидаем», – афзуд Ҷӯрабой Сӯфиев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.