Ҳалокати ду нафар сокинони Суғд бар асари садамаи нақлиёт

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари садамаи нақлиёт ду нафар сокинони вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояи Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯъмон Бобоҷонов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинааш ба автомашинаи мутааллиқ ба сокини […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари садамаи нақлиёт ду нафар сокинони вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояи Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯъмон Бобоҷонов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинааш ба автомашинаи мутааллиқ ба сокини 52-солаи вилояти Хатлон Иззатулло Рустамов бармехӯрад.

Ба иттилои манбаъ, бар асари ин садама ронандаи «Хундай» ва мусофири он – сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муталӣ Раҳимов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. «Мусофири дигари ин автомашина сокини 27-солаи ҷамоати Унҷӣ Ҳусейн Латифов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба шифохонаи ноҳияи Варзоб мунтақил шудааст», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 207 ҳодисаи (ҳамин давраи соли 2011 – 222) садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 97 нафар (соли 2011 – 104 нафар) ҳалок ва 218 нафар (соли 2011 – 225 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио