Гуфтушуниди пушти дарҳои пӯшида оид ба тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия

Гуфтушуниди Тоҷикистону Русия дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки дирӯз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт оғоз гардида буд, имрӯз дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ идома меёбад. Ҳайати Тоҷикистонро дар гуфтушунид вазири адлия Рустам Менглиев ва Русияро муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов, ки чанде қабл ба Душанбе ташриф оварда […]

Аваз Юлдошев


Гуфтушуниди Тоҷикистону Русия дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки дирӯз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт оғоз гардида буд, имрӯз дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ идома меёбад.

Ҳайати Тоҷикистонро дар гуфтушунид вазири адлия Рустам Менглиев ва Русияро муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов, ки чанде қабл ба Душанбе ташриф оварда буд, сарварӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ин гуфтушунидҳо пушти дарҳои пӯшида ҷараён дошта, тибқи маълумоти пешакӣ, бояд то нимаи имрӯз анҷом ёбанд.

«Ҷонибҳо варианти ниҳоии созишнома дар бораи ҳузури минбаъдаи пойгоҳро, ки пас аз гуфтушунидҳои чандинкарата омода гардид, баррасӣ доранд», – зикр кард манбаъ.

Манбаъ аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҷузъиёти дигари гуфтушунидҳо худдорӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба як манбаъи наздик ба намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки Русия ният дорад, зимни сафари сарвари давлати Русия Владимир Путин ба Душанбе аввалҳои моҳи октябр шартномаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ҳал намояд.

Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа Русия ба Тоҷикистон имзои шартнома ба муҳлати 10 солро пешниҳод хоҳад кард.

Аввали моҳи август муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар робита ба масъалаи ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон Анатолий Антонов изҳор карда буд, ки гуфтушунид дар ин хусус муваффақона ҷараён дошта, ояндаи наздик матни созишнома омода мегардад, ки ба таъмини амнияти Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст.

«Дар масъалаи мувофиқаи санади умумӣ мо ба комёбиҳои назаррас муваффақ шудем, зеро ҳалли ин масъала ба таъмини амнияти ҳам Русияву ҳам Тоҷикистон рабт гирифта, пойгоҳи низомии мо як таркиби зербинои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақавӣ аст», – гуфта буд вай.

Номбурда ҳамчунин иброз дошта буд, ки дар гуфтушунидҳо масъалаи нархи ҳузури пойгоҳи низомӣ матраҳ нашудааст. «Масъалаи пардохти маблағ барои ҳузури пойгоҳи низомӣ на дар мулоқот бо президенту на дар Вазорати мудофиа ва корҳои хориҷӣ умуман баррасӣ нагардид. Гуфтушунид савдо набуда, кӯшиши ҳалли мушкилот бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб мебошад», – таъкид карда буд А.Антонов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.