Рӯзи шанбе, 18-уми август, ба муносибати Иди Рамазон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии кишвар дар пойтахти ҷумҳурӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, ярмарка дар назди бозори Қарияи Боло доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар ярмарка истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳсулоти худ, аз ҷумла сабзавоту мева, гӯшт, асал ва ғайраро бо нархҳои нисбатан арзон ба сокинони шаҳри Душанбе пешкаш мекунанд.
Интизорӣ меравад, ки дар ярмарка фурӯши маҳсулоти истеҳсолкунандагони шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Файзободу Рӯдакӣ ва ҳамчунин КВД «Парандапарварӣ, КВД «Моҳии Тоҷикистон» ва КВД «Асали Тоҷикистон» ба роҳ монда хоҳад шуд.