Оғози сохтмони роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон


Моҳи октябр корҳои сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон бевосита оғоз меёбанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон оид ба интихоби паймонкори кулли лоиҳа ва интихоби ширкати консалтингӣ оид ба назорати сохтмон ва идоракунии лоиҳа тендер гузаронида шуда истодааст.

«Тендер оид ба интихоби паймонкори кулл моҳи июн эълон гардида, айни замон дархости ҳашт ширкат аз Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Қазоқистон, Италия ва Чин баррасӣ мешаванд. Ғолиби тендер дар фурсати наздиктарин эълон мегардад», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Дар Вазорати нақлиёт зикр карданд, ки дар озмуни амалисозии назорати техникӣ ҳудуди 30 ширкат хоҳиши иштирок карданд. «Ба рӯйхат шаш ширкате, ки дар тендер иштирок мекунанд, шомил гардиданд», – таъкид кард манбаъ ва илова намуд, ки мувофиқи тартиботи интихоб, аз натоиҷи озмун то ахири сол маълумот дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта Бонки осиёгии рушд (БОР) эълом дошт, ки барои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА бурс ҷудо мекунад.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 136 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарики молиявӣ дар ҳаҷми 22 млн. $ сармоягузорӣ ва Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ ба маблағи 14 млн. $ қарз ҷудо мекунад. Вазорати нақлиёт иҷрокунандаи лоиҳаи мазкур маҳсуб гардида, анҷоми он соли 2016 дар назар аст.

Роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон бо масофаи 113 километр қисмате аз Роҳи қадимаи абрешим аст. Он қад-қади дарёи Зарафшон ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакентро убур намуда, то марзи Ӯзбекистон мерасад.

spot_imgspot_img

Популярное