Оғози сохтмони роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон

Моҳи октябр корҳои сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон бевосита оғоз меёбанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон оид ба интихоби паймонкори кулли лоиҳа ва интихоби ширкати консалтингӣ оид ба назорати сохтмон ва идоракунии лоиҳа тендер гузаронида шуда истодааст. «Тендер оид ба интихоби паймонкори кулл моҳи июн эълон гардида, […]

Пайрав Чоршанбиев


Моҳи октябр корҳои сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон бевосита оғоз меёбанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон оид ба интихоби паймонкори кулли лоиҳа ва интихоби ширкати консалтингӣ оид ба назорати сохтмон ва идоракунии лоиҳа тендер гузаронида шуда истодааст.

«Тендер оид ба интихоби паймонкори кулл моҳи июн эълон гардида, айни замон дархости ҳашт ширкат аз Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Қазоқистон, Италия ва Чин баррасӣ мешаванд. Ғолиби тендер дар фурсати наздиктарин эълон мегардад», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Дар Вазорати нақлиёт зикр карданд, ки дар озмуни амалисозии назорати техникӣ ҳудуди 30 ширкат хоҳиши иштирок карданд. «Ба рӯйхат шаш ширкате, ки дар тендер иштирок мекунанд, шомил гардиданд», – таъкид кард манбаъ ва илова намуд, ки мувофиқи тартиботи интихоб, аз натоиҷи озмун то ахири сол маълумот дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта Бонки осиёгии рушд (БОР) эълом дошт, ки барои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА бурс ҷудо мекунад.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 136 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарики молиявӣ дар ҳаҷми 22 млн. $ сармоягузорӣ ва Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ ба маблағи 14 млн. $ қарз ҷудо мекунад. Вазорати нақлиёт иҷрокунандаи лоиҳаи мазкур маҳсуб гардида, анҷоми он соли 2016 дар назар аст.

Роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон бо масофаи 113 километр қисмате аз Роҳи қадимаи абрешим аст. Он қад-қади дарёи Зарафшон ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакентро убур намуда, то марзи Ӯзбекистон мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.