Рӯзҳои 18-19 сентябри соли 2012 дар шаҳри Вилнюси Ҷумҳурии Литва Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Афғонистон ва минтақа: муносибати амалӣ бо мақсади рушди босубот” баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва Қозидавлат Қоимдодов дар чорабинии мазкур иштирок намуда, бо маърӯза таҳти унвони «Ҳамкории минтақавӣ – калиди истиқрор ва шукуфоии Афғонистон» баромад кард.
Дар суханронии худ ҷониби Тоҷикистон сатҳи баланди эътимод ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин саҳми Тоҷикистонро дар ҷалб намудани Афғонистон ба ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид намуда, аҳамияти татбиқи саривақтии лоиҳаҳоро, ки дар ҷараёни Панҷумин Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минқавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V, 26-27 марти соли 2012, ш. Душанбе) баррасӣ шуданд, қайд намуд.
Дар Конфронси Вилнюс намояндагони олирутба аз 20 кишвари дунё ва 10 Созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат намуданд.



