Дар доираи баргузории амалиёти Кӯкнор-2012» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар қаламрави деҳаи Бунии ҷамоати Сохчарви ноҳияи Шуғнон майдони кишти буттаҳои худрӯи бангдонаро намуданд.
Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, тибқи хулосаи лабораторияи ташхиси РАНМН буттаҳои пайдошуда растании нашъаовари каннабис будаанд.
Ба иттилои манбаъ, бо ширкати шоҳидон ин буттаҳо аз замин барканда ва сипас сӯзонида шуданд.