Рӯзи 11-уми октябр дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқоти камонварӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони мутлақи ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Зебуннисо Рустамова оғоз мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» президенти Федератсияи камонварии ҷумҳурӣ, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Алиаҳмад Мирзоев хабар дод, ин мусобиқот маротибаи чорум доир гардида, байнулмилалӣ аст. Мусобиқоти нахустин соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
Ба қавли ӯ, айни замон кумитаи тадорукоти мусобиқот масъалаи даъвати варзишгарон аз Эрон ва кишварҳои ҳамсояи минтақаи Осиёи Марказиро мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. «Камонварон дар машқи М1 дар масофаҳои 30, 50, 70 ва 90 метр барои мардон ва 30, 50, 60 ва 70 метр барои занон қувваозмоӣ хоҳанд кард», – афзуд номбурда.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Зебуннисо Рустамова дар ин робита изҳор кард, ки шахсан ба корҳои омодагии ин мусобиқот машғул набуда, вале бар ин назар аст, ки варзиш воситаи беҳтарини таблиғи тарзи ҳаёти солмим миёни ҷавонон аст.
«Мусобиқоти камонварии мазкур натанҳо ба кашфи истеъдоду қобилиятҳои нав дар ин намуди варзиш кӯмак мерасонад, балки барои таблиғи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ миёни аҳолӣ намунаи ибратомез хоҳад буд», – мутмаин аст З.Рустамова.