Оғози интиқоли барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ

Душанбе. 1-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки баъд аз нимашаби гузашта интиқоли он оғоз шудааст. Қобили зикр аст, ки тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,   кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи […]

Виктория Наумова


Душанбе. 1-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки баъд аз нимашаби гузашта интиқоли он оғоз шудааст.




Қобили зикр аст, ки тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад.



Ёдрас мекунем, ки дар нишастҳои ИДМ ва ЕврАзЭС дар Бишкек сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тариқи шабакаҳои барқи Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил карданд. 18-уми октяр дар мулоқоти Алмаато дар ин хусус тавофуқи ниҳоӣ ҳосил гардид.



Ба гуфтаи раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, аз 1-уми ноябр то 31-уми декабри соли ҷорӣ бо арзиши 3 сент барои 1кВт/соат ба Тоҷикистон 400 млн.кВт/соат нерӯи барқи Туркманистон интиқол дода мешавад ва интиқоли ҳаҷми боқимонда соли оянда амалӣ мегардад. «Барои транзити интиқоли нерӯи барқ мо ба ҷониби Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунем», – гуфт Ш.Самиев.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.