Ташаббуси Хадамоти алоқа оид ба таъсиси Маркази мониторинги шабакаҳои IP

Тибқи лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки нусхааш дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» низ мавҷуд аст, марказ дар заминаи ширкатҳои фароҳамсози интенети ҶСК «Тоҷиктелеком», ки бастаи назоратии саҳмияҳояш дар ихтиёри давлат аст, таъсис дода мешавад. Лоиҳаи мазкур ҳамроҳи мактуби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ҷиҳати гирифтани хулосаву пешниҳодот ба унвони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ирсол гардидааст. Ҳадаф аз […]

Фирӯз Умарзода


Тибқи лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки нусхааш дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» низ мавҷуд аст, марказ дар заминаи ширкатҳои фароҳамсози интенети ҶСК «Тоҷиктелеком», ки бастаи назоратии саҳмияҳояш дар ихтиёри давлат аст, таъсис дода мешавад.

Лоиҳаи мазкур ҳамроҳи мактуби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ҷиҳати гирифтани хулосаву пешниҳодот ба унвони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ирсол гардидааст.

Ҳадаф аз таъсиси ин марказ «таъмини иҷрои талаботи як қатор қонунҳо, таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии ҳодисаҳои риоя накардани ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ва пешгирии ҳолатҳои пешниҳоди хизматгузориҳои пастсифат» унвон мешавад.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, аз ҷумла талаботи қонунҳо аз қабили «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи ихтироот», Консепсия дар бораи амнияти иттиллоотӣ ва дигар асноди меъёрӣ ҳуқуқӣ риоя намешаванд.

Дар ҳамин ҳол, радиои «Озодӣ» иттилоъ медиҳад, ки сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров рӯйи кор омадани ин ташаббус аз ҷониби хадамоти мазкурро рад сохтааст. Аммо як манбаи радиои «Озодӣ» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷумҳурӣ далели қабули ҳуҷҷатҳо дар ин бора аз Хадамоти алоқаро тасдиқ намудааст.

Раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети ҶТ Асомуддин Атоев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки таъсиси чунин марказ мухолифи қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва қонунгузории зиддиинҳисорӣ буда, фаъолияти он ба заифии амнияти иттилоотӣ ва иттилоотии иқтисодӣ ва ҳамчунин ба поймолкунии ҳуқуқи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ боис мегардад.

Коршиноси дигар, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки «агар масъала сари пайгирии корбарон тавассути суроғаҳои IP қарор дошта бошад, пас ин поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои асосии конститутсионии шаҳрвандон аст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.