Гузориши Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои Конвенсияи СММ зидди шиканҷа

Имрӯз дар шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева, ки иҷлосияи навбатии Кумитаи СММ зидди шиканҷа ҷараён дорад, ҳайати Тоҷикистон дар бораи иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа гузориш медиҳад. Дар иҷлосияи мазкур гузориши як қатор кишварҳо дар бораи иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ таҳқиркунандаи шаъну шараф баррасӣ мешаванд. Ҳайати […]

Наргис Ҳамробоева


Имрӯз дар шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева, ки иҷлосияи навбатии Кумитаи СММ зидди шиканҷа ҷараён дорад, ҳайати Тоҷикистон дар бораи иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа гузориш медиҳад.

Дар иҷлосияи мазкур гузориши як қатор кишварҳо дар бораи иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ таҳқиркунандаи шаъну шараф баррасӣ мешаванд.

Ҳайати Тоҷикистонро Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, Омбудсмен Зариф Ализода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Нурулло Орифов, раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов ва дигарон намояндагӣ мекунанд.

Гузориши алтернативӣ оид ба шиканҷа дар Тоҷикистонро ҳомиёни ҳуқуқ – Сергей Романов, Гулчеҳра Раҳмонова, Татяна Хатюхина ва Таҳмина Ҷӯраева пешниҳод хоҳанд намуд.

Гузориши мазкур давраи солҳои 2007-2010-ро дар бар мегирад. Гузориш аз ду қисм иборат аст. Қисмати аввал аз тафсири умумии қонунгузории ҶТ оид ба масоили пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа ва ҳамчунин асноди меъёрӣ-ҳуқуқии қабулшуда дар давраи солҳои 2007-2010 иборат буда, қисмати дуввум тадбирҳои андешида баҳри иҷрои мулоҳизаву тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаро дар бар мегирад.

Дар Гузориши миллӣ аз ҷумла зикр мегардад, ки «тарзи асосии пешгирии ҳодисаҳои шиканҷа аз ҷониби мансабдорони давлатӣ бо суистифода аз мақоми хизматӣ саривақт ошкор сохтани чунин ҳодисаҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон аст».

«Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар давраи солҳои 2007-2009 барои суистеъмол аз мансаби давлатӣ 174 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 709 нафар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб карда шуда, мувофиқи аъмоли содиркардаашон ҷазо сазовор гирифтанд», – зикр мегардад дар гузориш.

Дар гузориш ҳамчунин дар бораи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки тӯли солҳои 2007-201 дар Тоҷикистон қабул гардидааст, низ маълумот дода мешавад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.