Анҷоми сохтмони ду дидбонгоҳи сарҳадӣ бо кӯмаки ИМА

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт, аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ду дидбонгоҳи сарҳадиро таҳвил дод.  Дар ин маросими расмӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Шерали Мирзо ширкат варзид. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар наздикии маҳаллаҳои Рибхоз ва Сайёди Вилояти Хатлон сохта […]

ASIA-Plus


Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт, аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ду дидбонгоҳи сарҳадиро таҳвил дод.  Дар ин маросими расмӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Шерали Мирзо ширкат варзид.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар наздикии маҳаллаҳои Рибхоз ва Сайёди Вилояти Хатлон сохта шуда истиқоматгоҳи аскарон, ошхона,утоқҳои маъмурӣ, истиқоматгоҳи афсарон, иншоотҳои техникӣ ва сагхонаҳоро дарбар мегиранд.

Дидбонгоҳҳои мазкур омодагии марзбонони минтақаро ҷиҳати ҳифзи марзҳои ҷанубии кишвар аз қочокчиёни маводи мухаддир ва таҳдидҳои дигар ба амниятро тақвият медиҳанд.

Сафир Эллиотт иброз дошт: «Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷузъи касбӣ ва содиқи низоми амнияти Тоҷикистон мебошанд.  Ман ифтихор дорам, ки муборизаи шуҷоатноки марзбононро зидди қочоқи маводи мухаддир ва баҳри таҳкими марзҳои худ дастгирӣ мекунам». 

Сафир афзуд, ки сохтмони дидбонгоҳхои сарҳадӣ иқтидори марзбонии Ҳукумати Тоҷикистонро таври назаррас тақвият медиҳад ва ба таҳким додани фаъолияти марзбонони минтақа низ кӯмак мерасонад. 

Ин инъоми Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки ба қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пешкаш гардидааст. Аз соли 1992  мардуми Амрико барои  барномаҳои кӯмакдиҳандаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ,  ниҳодҳои демократӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон беш аз як миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.