Искандари Фирӯз ба Маркази тиббии «Сино» мунтақил шуд

Журналисти бахши форси хабаргузории Би-Би-Сӣ Искадари Фирӯз, ки бар асари садамаи нақлиёт ҷароҳати вазнин бардошта буд, имрӯз аз шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қария Боло) ба маркази тиббии «Сино» мунтақил гардид. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хоҳари журналист Парвонаи Фирӯз изҳор кард, ки айни замон бародараш ба ҳуш омада, вазъи солимиаш муътадил арзёбӣ мешавад. […]

Меҳрангез Турсунзода


Журналисти бахши форси хабаргузории Би-Би-Сӣ Искадари Фирӯз, ки бар асари садамаи нақлиёт ҷароҳати вазнин бардошта буд, имрӯз аз шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қария Боло) ба маркази тиббии «Сино» мунтақил гардид.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хоҳари журналист Парвонаи Фирӯз изҳор кард, ки айни замон бародараш ба ҳуш омада, вазъи солимиаш муътадил арзёбӣ мешавад. «Акнун ӯ муддати чанд моҳи дигар дар маркази тиббии «Сино» баҳри барқароршавиии вазъи солимиаш табобат мегирад», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки бародараш муддате чанд дар шуъбаи эҳёгарии дармонгоҳи «Сино» табобат гирифта, сипас ба палатаи оддӣ гузаронида мешавад. «Ҳоло маълум нест, ки пойҳои ӯро кай ҷарроҳӣ мекунанд, зеро зарур аст, ки организми ӯ мустаҳкам гардида, барои ҷарроҳии нав омода карда шавад», – афзуд Парвонаи Фирӯз.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Айёмиддин Раҳмиддинзодаи 22-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба Раёсати тафтишотӣ ва Раёсати БДА ҷиҳати таҳқиқи дақиқи ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки аз он хабарнигори Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз осеб дид, супориш дода буд. Бо назардошти изҳороти созмонҳои журналистии Тоҷикистон (11-уми октябр) бобати тафтишоти мӯшикофонаи ин ҳодиса, вазир ҷараёни таҳқиқи ин қазияро таҳти назорати худ қарор дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.