Сафир: Бо интихоби дубораи Обама сиёсати хориҷии ИМА тағйир намеёбад

Пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президенти ИМА сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот изҳор кард, ки бо интихоби дубораи Барак Обама ба мансаби президентӣ, сиёсати хориҷии ИМА тағйир намеёбад. Ӯ зикр кард, ки ИМА сиёсати мавҷуда бо тамоми кишварҳоро идома дода, баҳри ба сулҳу субот расидан дар Афғонистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. «Мо […]

Заррина Эргашева


Пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи президенти ИМА сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот изҳор кард, ки бо интихоби дубораи Барак Обама ба мансаби президентӣ, сиёсати хориҷии ИМА тағйир намеёбад.

Ӯ зикр кард, ки ИМА сиёсати мавҷуда бо тамоми кишварҳоро идома дода, баҳри ба сулҳу субот расидан дар Афғонистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

«Мо муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистонро тағйир доданӣ нестем. Ман ҳамчун намояндаи президент Обама гуфтаниам, ки мо ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳо минтақа идома хоҳем бахшид», – иброз дошт сафир.

Эллиот қайд кард, ки интихоти гузашта хеле ҷиддӣ сурат гирифтанд. «Мо ҳам Обамаву ҳам Ромниро барои ба таври демокративу хеле хуб сурат гирифтани интихобот табрик мегӯем», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, аз рӯйи натоиҷи маъракаи интихоботи президентӣ дар ИМА Барак Обама дубора ба мансаби президенти ИМА интихоб шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.