20 млн. $-и БҶ ба Тоҷикистон баҳри дастгирии буҷет

Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ бурс дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА баҳри  дастгирии буҷети Тоҷикистонро маъқул шуморид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе иттилоъ доданд, маблағи мазкур қисмате аз силсилаҳои бурсӣ мебошанд, ки шурӯъ аз соли 2009 барои дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи коҳиши таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, мусоидат ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ бурс дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА баҳри  дастгирии буҷети Тоҷикистонро маъқул шуморид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе иттилоъ доданд, маблағи мазкур қисмате аз силсилаҳои бурсӣ мебошанд, ки шурӯъ аз соли 2009 барои дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи коҳиши таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, мусоидат ба рушди устувор ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ ихтисос дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, маблағҳо дар доираи бурси ахир ба таъмини тақсимоти воситаҳои буҷетӣ ба хизматгузориҳои бахши тандурррустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ, беҳбуд ва такмили муҳит барои рушди бахши хусусӣ ва ҳамчунин тақвияти самаранокии фаъолияти ҳукумат ва оқилона истифода шудани захираҳои давлатӣ равона карда мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки кӯмаки мазкур ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Стратегияи шарикӣ миёни Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 расонида мешавад. Тавсияҳои Гузориши марҳилавӣ муҳлати амали Стратегияро то соли 2014 дароз мекунанд.

Айни замон, сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 14 лоиҳа бо ӯҳдадориҳои умумӣ дар ҳаҷми 236 млн.доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарини сандуқи сармоягузориро соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (27 фоиз), баъдан бахши энергетика (24 фоиз), обтаъминкунӣ ва беҳдошт (18 фоиз), рушди инсон – маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (24 фоиз), бахши хусусӣ (4 фоиз) ва бахши давлатӣ (2 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.