Вазири корҳои хориҷӣ озими Ҷопон шуд

Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи марказӣ + Ҷопон”, ки 10 ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, бо сафари корӣ озими Токио шуд. Дар рӯзномаи вохӯрии 4-уми вазирон масъалаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи муҳити зист ва амнияти минтақавӣ ворид карда […]

ASIA-Plus


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи марказӣ + Ҷопон”, ки 10 ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, бо сафари корӣ озими Токио шуд.

Дар рӯзномаи вохӯрии 4-уми вазирон масъалаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи муҳити зист ва амнияти минтақавӣ ворид карда шудаанд.

Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ роҳбарони ҳайатҳоро сарвазири Ҷопон Ёсихико Нода ба ҳузур хоҳад пазируфт.

Дар рафти сафар ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст.

Боиси зикр аст, ки таъсиси Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” бо ташаббуси Ҷопон ба мақсади рушду таҳкими ҳамкориҳои бисёрсамта бо кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯи кор омада буд.

28 августи соли 2004 дар шаҳри Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон) вохӯрии аввалини вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯбаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” баргузор шуд, ки дар рафти он Изҳороти муштарак қабул гардид.

5 июни соли 2006 дар Токио вохӯрии дуввуми вазирони корҳои хориҷӣ барпо шуд. Дар натиҷаи вохӯрӣ “Нақшаи корӣ” қабул гардид, ки самтҳои асосии ҳамкориро дар чаҳорчӯби Муколама муайян намуд.

 Вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷӣ 7 августи соли 2010 дар шаҳри Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) баргузор шуда буд.

Дар чаҳорчӯби Муколама дар сатҳи намояндаҳо бо иштироки коршиносони вазоратҳои корҳои хориҷӣ мунтазам машваратҳо баргузор мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.