Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи марказӣ + Ҷопон”, ки 10 ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, бо сафари корӣ озими Токио шуд.
Дар рӯзномаи вохӯрии 4-уми вазирон масъалаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи муҳити зист ва амнияти минтақавӣ ворид карда шудаанд.
Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ роҳбарони ҳайатҳоро сарвазири Ҷопон Ёсихико Нода ба ҳузур хоҳад пазируфт.
Дар рафти сафар ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст.
Боиси зикр аст, ки таъсиси Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” бо ташаббуси Ҷопон ба мақсади рушду таҳкими ҳамкориҳои бисёрсамта бо кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯи кор омада буд.
28 августи соли 2004 дар шаҳри Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон) вохӯрии аввалини вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯбаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” баргузор шуд, ки дар рафти он Изҳороти муштарак қабул гардид.
5 июни соли 2006 дар Токио вохӯрии дуввуми вазирони корҳои хориҷӣ барпо шуд. Дар натиҷаи вохӯрӣ “Нақшаи корӣ” қабул гардид, ки самтҳои асосии ҳамкориро дар чаҳорчӯби Муколама муайян намуд.
Вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷӣ 7 августи соли 2010 дар шаҳри Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) баргузор шуда буд.
Дар чаҳорчӯби Муколама дар сатҳи намояндаҳо бо иштироки коршиносони вазоратҳои корҳои хориҷӣ мунтазам машваратҳо баргузор мегарданд.





