Дар Тоҷикистон барои қоидаҳои воридот ва содирот «Тартиби ягона» ҷорӣ карданианд

Виктория Наумова




Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ масъалаи ҷорӣ сохтани «Тартиби ягона» барои қоидаҳои воридот ва содирот баррасӣ шуд..








Аз вазорати номбурда хабар доданд, ки дар муҳокимаи масъала намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, бахши соҳибкорӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.







Намояндагони вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ перомуни ҷараёни таҳия сохтани Консепсияи миллии «Тартиби ягона» ба ҳозирин маълумот дода, изҳор доштанд, ки дар консепсия зарурат ва тартиби пешниҳоди шакли ягонаи иттилооот ва ҳуҷҷатҳо ба мақомоти дахлдор аз ҷониби корхонаву муассисот ва соҳибкороне, ки бо содирот сарукор доранд, нишон дода шудаанд.







Муқоисаи таҳлилии санадҳо нишон дод, ки дар Тоҷикистон шумораи

 

ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии воридот ва содирот ба 10 то 14 адад мерасидааст. Ин рақам дар Русия 8 ва дар Латвия ҳамагӣ 5-6-то будааст. Мутаносибан субъектҳо барои омода намудани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон аз 44 то 70 рӯз вақт сарф мекардаанд, дар Русия – 39 рӯз ва дар Латвия ҳамагӣ 11 рӯз.







Ғайр аз ин, коршиносон зикр мекунанд, ки хароҷоти содирот аз Тоҷикистон бо дарназардошти таҳияи ҳуҷҷатҳо 20-23%-и ҳаҷми умумии савдоро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин дар ҷаҳон аст.







Қобили зикр аст, ки «Тартиби ягона» низомест, ки ҷиҳати табодули иттилооти тиҷоратӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо, таъмини мақомоти гумрук бо иттилооти фаврӣ ва татбиқи мониторинги фаъолияти мақомоти ваколатдор имкони мусоид фароҳам месозад.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...