Дар Тоҷикистон барои қоидаҳои воридот ва содирот «Тартиби ягона» ҷорӣ карданианд

Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ масъалаи ҷорӣ сохтани «Тартиби ягона» барои қоидаҳои воридот ва содирот баррасӣ шуд.. Аз вазорати номбурда хабар доданд, ки дар муҳокимаи масъала намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, бахши соҳибкорӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд. Намояндагони вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ перомуни ҷараёни таҳия […]

Виктория Наумова




Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ масъалаи ҷорӣ сохтани «Тартиби ягона» барои қоидаҳои воридот ва содирот баррасӣ шуд..








Аз вазорати номбурда хабар доданд, ки дар муҳокимаи масъала намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, бахши соҳибкорӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.







Намояндагони вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ перомуни ҷараёни таҳия сохтани Консепсияи миллии «Тартиби ягона» ба ҳозирин маълумот дода, изҳор доштанд, ки дар консепсия зарурат ва тартиби пешниҳоди шакли ягонаи иттилооот ва ҳуҷҷатҳо ба мақомоти дахлдор аз ҷониби корхонаву муассисот ва соҳибкороне, ки бо содирот сарукор доранд, нишон дода шудаанд.







Муқоисаи таҳлилии санадҳо нишон дод, ки дар Тоҷикистон шумораи

 

ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии воридот ва содирот ба 10 то 14 адад мерасидааст. Ин рақам дар Русия 8 ва дар Латвия ҳамагӣ 5-6-то будааст. Мутаносибан субъектҳо барои омода намудани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон аз 44 то 70 рӯз вақт сарф мекардаанд, дар Русия – 39 рӯз ва дар Латвия ҳамагӣ 11 рӯз.







Ғайр аз ин, коршиносон зикр мекунанд, ки хароҷоти содирот аз Тоҷикистон бо дарназардошти таҳияи ҳуҷҷатҳо 20-23%-и ҳаҷми умумии савдоро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин дар ҷаҳон аст.







Қобили зикр аст, ки «Тартиби ягона» низомест, ки ҷиҳати табодули иттилооти тиҷоратӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо, таъмини мақомоти гумрук бо иттилооти фаврӣ ва татбиқи мониторинги фаъолияти мақомоти ваколатдор имкони мусоид фароҳам месозад.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.