Соли нави таҳсил дар Турсунзода се мактаби замонавӣ ба истифода дода мешавад

Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли нави таҳсил дар шаҳри Турсунзода се мактаби замонавӣ ифтитоҳ мешавад. Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Турсунзода Мӯминҷон Абдуллоев мегӯяд, ки маросими ба истифода супоридани онҳо дар таърихи 10-11-уми июл бо иштироки сарвари давлат ба нақша гирифта шудааст.                 Яке аз ин мактабҳои таҳсилоти умумӣ «Литсеи президентӣ барои кӯдакони болаёқат» […]

Мавҷуда Ҳасанова




Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли нави таҳсил дар шаҳри Турсунзода се мактаби замонавӣ ифтитоҳ мешавад. Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Турсунзода Мӯминҷон Абдуллоев мегӯяд, ки маросими ба истифода супоридани онҳо дар таърихи 10-11-уми июл бо иштироки сарвари давлат ба нақша гирифта шудааст.









               

Яке аз ин мактабҳои таҳсилоти умумӣ «Литсеи президентӣ барои кӯдакони болаёқат» мебошад, ки бо сармоягузории Корхонаи алюминии Тоҷикистон ба маблағи 2,6 млню сомонӣ бунёд меёёбад ва барои 320 нафар хонандагон пешбинӣ гардидааст. Ташаббускори сохтмони мактаби мазкур президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.







Муассисаи дигари таълимӣ – мактаби дуошёнаи №13 барои 640 нафар хонанда мебошад, ки бо маблағи ҷудошудаи буҷаи ноҳия дар ҳаҷми 4 млн. сомонӣ сохта мешавад. Ба гуфтаи М.Абдуллоев, 2,5 млн. сомонӣ аз ин маблағ аллакай азхуд шудааст: ду бинои иншоот аллакай тайёр шудаанд, бинои саввум аввали соли хониш ба истифода дода мешавад.







Ва муассисаи таълимии саввум мактаби №17 барои 340 толибилмон буда, аз ҳисоби раёсати сохтмони Вазорати маорифи ҶТ ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ бунёд мегардад. Интизор меравад, ки он дарҳои худро барои кӯдакони оилаҳои муҳоҷирони вилояти Хатлон дар деҳаи «Қизил-йӯл»-и ҷамоати Навобод боз хоҳад намуд.

 





Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.