Соли нави таҳсил дар Турсунзода се мактаби замонавӣ ба истифода дода мешавад

Мавҷуда Ҳасанова




Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли нави таҳсил дар шаҳри Турсунзода се мактаби замонавӣ ифтитоҳ мешавад. Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Турсунзода Мӯминҷон Абдуллоев мегӯяд, ки маросими ба истифода супоридани онҳо дар таърихи 10-11-уми июл бо иштироки сарвари давлат ба нақша гирифта шудааст.









               

Яке аз ин мактабҳои таҳсилоти умумӣ «Литсеи президентӣ барои кӯдакони болаёқат» мебошад, ки бо сармоягузории Корхонаи алюминии Тоҷикистон ба маблағи 2,6 млню сомонӣ бунёд меёёбад ва барои 320 нафар хонандагон пешбинӣ гардидааст. Ташаббускори сохтмони мактаби мазкур президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.







Муассисаи дигари таълимӣ – мактаби дуошёнаи №13 барои 640 нафар хонанда мебошад, ки бо маблағи ҷудошудаи буҷаи ноҳия дар ҳаҷми 4 млн. сомонӣ сохта мешавад. Ба гуфтаи М.Абдуллоев, 2,5 млн. сомонӣ аз ин маблағ аллакай азхуд шудааст: ду бинои иншоот аллакай тайёр шудаанд, бинои саввум аввали соли хониш ба истифода дода мешавад.







Ва муассисаи таълимии саввум мактаби №17 барои 340 толибилмон буда, аз ҳисоби раёсати сохтмони Вазорати маорифи ҶТ ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ бунёд мегардад. Интизор меравад, ки он дарҳои худро барои кӯдакони оилаҳои муҳоҷирони вилояти Хатлон дар деҳаи «Қизил-йӯл»-и ҷамоати Навобод боз хоҳад намуд.

 





Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...