Сафи коргарони корхонаи маъдантозакунии Адрасмон кам мешавад

Хуҷанд. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Коргарони корхонаи маъдантозакунии Адрасмон (КМТ) ба иллати аз фаъолият бозмондани корхона ва напардохтани музди меҳнат бо хоҳиши худ аз кор рафта истодаанд. Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «КМТ Адрасмон» Барот Каримов мегӯяд, ки оғози сол дар корхона 564 нафар кор мекарданд, имрӯз дар рӯйхат 455 нафар мондаанд. «Коргарони кон […]

Бахтиёр Валиев



Хуҷанд. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Коргарони корхонаи маъдантозакунии Адрасмон (КМТ) ба иллати аз фаъолият бозмондани корхона ва напардохтани музди меҳнат бо хоҳиши худ аз кор рафта истодаанд.






Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «КМТ Адрасмон» Барот Каримов мегӯяд, ки оғози сол дар корхона 564 нафар кор мекарданд, имрӯз дар рӯйхат 455 нафар мондаанд.





«Коргарони кон ҳар моҳ ба ҳисоби миёна то 1200 сомонӣ маош мегирифтанд», – гуфт директор ва афзуд, ки бо сабаби норасоии барқ корхона аз фаъолият бозмондааст.





«Айни замон саҳмиядорон оид ба барқарор сохтани фаъолияти корхона қарор қабул карданд ва ҷудо кардани маблағҳо оғоз гардид, – гуфт Б.Каримов – Дар навбати аввал 48 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо гардид, ки бо он қарзҳои андозро пардохтем ва феълан боз ҷудо гардидани 156 ҳазор доллари марикоиро интизорем, ки қисме аз он барои пардохти музди меҳнат истифода хоҳад шуд».





Мавсуф изҳор дошт, ки корхона ҳамеша ба воситаҳои молиявӣ ниёз дорад, зеро ин ҷо истеҳсолоти муттасил амал мекунад. Ҷаноби Б.Каримов афзуд, ки ҳафтаи оянда ҷиҳати муайян намудани фаъолияти минбаъдаи корхона ва ҳалли масоили таъхирнопазир ташрифи раиси нави раёсати Ҷамъияти саҳомии «Конимансур» Нурлан Алимбетовро интизоранд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.