Яке аз корхонаҳои бузурги равғанкашии ҷумҳурӣ аз фаъолият бозмондааст

Конибодом. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Конибодом яке аз корхонаҳои бузурги равғанкашии ҷумҳурӣ – Ҷамъияти саҳомии «Ассор» аз фаъолият бозмондааст. Аз шӯъбаи саноати мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, ки корхона дар як шабонарӯз қодир аст, то 300 тонна маҳсулотро коркард кунад, вале ба иллати норасоии ашёи хом – тухмии пунбадона аз фаъолият бозмондааст. «Чанде […]

Акмал Алиев



Конибодом. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Конибодом яке аз корхонаҳои бузурги равғанкашии ҷумҳурӣ – Ҷамъияти саҳомии «Ассор» аз фаъолият бозмондааст.






Аз шӯъбаи саноати мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, ки корхона дар як шабонарӯз қодир аст, то 300 тонна маҳсулотро коркард кунад, вале ба иллати норасоии ашёи хом – тухмии пунбадона аз фаъолият бозмондааст.





«Чанде қабл корхона бо равғани пахта тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғдро таъмин месохт ва аз боқимондаҳои истеҳсолии он хӯроки чорво тайёр карда мешуд, аммо имрӯз онро аз хориҷи кишвар меоранд», – идома дод манбаъ.





Дар ҳамин ҳол, дар нимсолаи аввал корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 21 млн. 446 ҳазору 761 сомонӣ маҳсулот тавлид намуда, иҷрои нақшаро ба андозаи 107,4% таъмин карданд. Дар иҷрои барзиёди нақшаи истеҳсолӣ саҳми корхонаҳои саноатӣ, аз қабили Ҷамъияти саҳомии «Конибодом» (маҳсулоти консерва), корхонаи таъмири вагонҳо, Ҷамъияти саҳомии «Бодом» (қисмҳои эҳтиётии автомобили навъи ГАЗ), ҷамъияти саҳомии «Шоҳон» ва корхонаи муштараки «Ассор-Перм» назаррас аст.





«Аз норасоии ашёи хом корхонаҳои истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии «Ресмон», Ҷамъияти саҳомии ба номи Э.Бойматова (коркарди пахта), сехи истеҳсолӣ ва омӯзишии ҷамъияти нобиноён (истеҳсоли молҳои истифодаи ҳамарӯзаи аҳолӣ) аз ӯҳдаи иҷрои нақша набаромаданд», – афзуд манбаъ.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.